Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки бар асари таркиши балонҳои газ дар бинои дуошёнаи шаҳраки Горки-25-и ноҳияи Дмитровои вилояти Маскав осеб дида буданд, ба ҳалокат расиданд.
Тавре ба «Озодагон» аз хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, рӯзи 25 феврал Руслан Мавлододови 18 сола ва 22-уми феврал Илҳомҷон Мирзокаримови 17 сола дар шифохона даргузаштаанд. Ҷасади Илҳомҷон Мирзокаримов тавассути ҳавопаймо (хатсайри 628 Масква-Душанбе) ба Тоҷикистон фиристода шудааст. Майити Руслан Мавлододов низ пас аз ташхиси судӣ ба Ватан фиристода хоҳад шуд. Манбаъ афзуд, Сафорат зимни изҳори ҳамдардии амиқ ба аҳли хонадон ва наздикону пайвандони марҳумон, ба онҳо аз даргоҳи Худованди мутаол сабри ҷамил хостааст.
Мӯҳр