Раёсати корхои дохилии дар наклиётбуда, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян намуд, ки шаҳрванд Ҷамолиддин Ҷабборов бе қайди нозироти андоз ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шуда, ба миқдори 134 ҳазору 661 сомонӣ ба давлат зарари моддӣ овардааст.
Номбурда дар ҶДММ «Ихлос -Тиҷорат»-и Қӯрғонтеппа ҳамчун соҳибкор фаъолият намуда, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрвандон Бахтиёр Давлатов, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев, хонаи 67, ҳуҷраи 136, соҳибкори ширкати «Сӯфиён» ва Рустам Дамонов, истиқоматкунандаи ноҳияи Бохтар забон як карда, тайи солҳои 2009-2010 бе қайди нозироти андоз ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шуда, дар натиҷаи фурӯши 5-вагон маҳсулоти собун ба давлат ҳудуди беш аз 130 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд.Феълан, оиди ин қазия парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр