Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо Иоан Габриел Габореан, фиристодаи Сафорати Руминия дар Маскав мулоқот анҷом доданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия, зимни ин нишаст ҷонибҳо масоили вобаста ба равобити ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Руминия ва муҳимтарин масоили минтақаиву ҷаҳонро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Ҳамзамон, Иоан Габриел дар ин вохӯрӣ таъкид намудааст, ки кишвараш хоҳони густариши ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба буда, омодааст, бо Тоҷикистон чун шарики боэътимод дар Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ кунад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот, инчунин, роҷеъ ба Панҷумин конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон, ки қарор аст, 26 - 27 марти соли равон дар Душанбе баргузор гардад, табодули назар шуд: «Дипломатҳо нақши кишварҳои минтақаро дар суботи Афғонистон муҳим арзёбӣ намуда, ташаббусу иқдомҳои Тоҷикистонро дар ин росто эътироф карданд».
Мӯҳр