Тибқи иттилои Агентии омор маблағи фурӯши барқ ба хориҷа 643 ҳазору 200 доллари амрикоиро ташкил додаст, ки ин сари ҳар киловатт камтар аз 2,8 сентро ташкил медиҳад. Масъулини «Барқи тоҷик» ва Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон нархи як киловатт барқро барои хориҷиён 3,5 сент/киловатт арзёбӣ намуданд.Тибқи ин нишондод маблағи фурӯши 23 миллион киловатт барқ ба хориҷа бояд 805 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод. Пас суол бармеояд, ки 161 ҳазору 200 доллари боқимонда куҷо шудааст?
Фурӯши барқ ба хориҷа дар ҳоле сурат гирифтааст, ки дар Тоҷикистон сар аз 11–уми октябр маҳдудияти барқ ҷорӣ шуда, мардуми навоҳӣ ҳамагӣ 6-7 соат бо барқ таъминанду халос. Шералӣ Гул, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон содироти барқро дар фасли сармо барои таъмини амнияти хатҳои интиқоли пайввасткунандаи Афғонистону Тоҷикистон зарур медонад. Ӯ мегӯяд: «Мо хати нави сохташудаи Сангтӯда–Пули Хумриро таҳти ҷараён қарор додаем, ки то ноқилҳоро набурранд, симчӯбҳоро накананд».
Мӯҳр
« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |