Нархи як литр бензин дар шаҳру навоҳии Кӯлоб ҳудуди 6,5-6,7 сомонӣ қимат дорад.
Яке аз сабабҳои поин нарафтани нархи сӯзишворӣ дар минтақаро, коршиносони маҳаллӣ дар маҳкам будани роҳи оҳан аз ҷониби Ӯзбакистон медонанд: «Сабаби интиқоли ками сӯзишворӣ, бензину газ ва паст нагаштани қимати он барои минтақа маҳз ба ҳамин хотир аст. Дар гузашта, интиқоли ин навъи сӯзишворӣ аз Русия ба Кӯлоб ба воситаи роҳи оҳани вилояти Хатлон ба анҷом мерасид. Ҳозир бошад, мо онро аз Душанбе дастрас карда, то ба Кӯлоб меорем. Маҷбурем дар ин маврид, хароҷоти роҳро ба болои нархи асосӣ зам намоем»,- мегӯяд, Масиддиқ Одинаев, намояндаи ширкати «Газпром»-и Русия дар минтақаи Кӯлоб.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир 5 вагон бензине, ки аз ҷониби ин ширкати русӣ барои Кӯлоб фиристонида шуда буд, наздики 5 моҳ мешавад, ки дар Ӯзбакистон банд мондаанд.
Мӯҳр