ICG кӯшишҳои ахири Душанберо оиди дар шакли дунявият нигоҳ доштани сохтори давлат «лавандӣ» хонда, аз зиндонӣ гардидани теъдоди беш аз 150 нафар бо ҷурми даст доштан дар ҷиноёти вобаста ба «экстремизм» иттилоъ додаст.
Ҳамчунин, ин созмон сабабҳои сар задани ҷанги дубораи дохилиро дар чанд тасмими охири Ҳукумати Тоҷикистон, аз қабили пешниҳоди мавзӯъоти мавъизаҳо ба рӯҳониён, бозгардонидани 100-ҳо нафар донишҷӯён аз донишгоҳҳои исломии хориҷӣ, манъи пӯшидани рӯсарӣ ва мондани риш, қабули қонуни ҷадиди масъулияти волидон, ки боиси манъи наврасон ба масоҷид шудааст, донистааст.
ICG ба ҳукумати Тоҷикистон шурӯъи мубоҳисоти ошкорои ҷамъиятӣ бо ҳамаи нерӯҳои исломӣ, ки дақиқан ба хотири расидан ба аҳдофи худ ҳатман аз роҳи мусолиматомез кор хоҳанд гирифт, бекор кардани қавонине, ки фаъолияти созмонҳои диниро маҳдуд мекунад ва мусоидат ба ширкати озодонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятиро маслиҳат додааст.
Ҳамчунин коршиносони ин созмон тавсия додаанд, то дар масоили амниятӣ Тоҷикистон бояд аз ҳамкориҳову маслиҳатҳои Чин, Русия ва ИМА истифода намояд.
-Ба ғайри ин миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ шубҳа пайдо шудааст, ки намояндагони баландпояи Тоҷикистон дар назорат ва ҳимояи роҳҳои транзити маводи мухаддири афғонӣ даст доранд,-навиштааст ICG.
Бино ба эътиқоди ин созмон, дар сурати кам накардани фишор болои мусулмонон ва муваффақ нагардидан дар мубориза алайҳи фасод , дар кишвар сар задани ошӯбҳо имконпазир гаштааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр
« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |