Тавре аз Вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, корхонаҳои мазкур барои муштариёни худ маҳсулоти заргарӣ, гӯшворҳову гарданбандҳо, ангуштариву дастпонаҳои миллӣ, армуғонҳо, қасабаҳо, қулфи гарданбанд тайёр мекунанд: « Дар арафаи Иди Наврӯз соҳаи саноати сабук ва ҳунарҳои бадеӣ-халқӣ аз ҷумла, корхонаҳои ҶММ «Атласи Хуҷанд» ҶММ «Дилором», ҶММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», «Ёқутиён», «Зинат», «Садранги Кӯлоб» маҳсулотҳои идона истеҳсол менамоянд». Зимнан, корхонаи «Атласи Хуҷанд», ки бештар аз 15 намуди атлас истеҳсол менамояд, 4 намуди он: «Ганҷина», «Идона», «Шодиёна» ва «Истиқлол» матоъҳои ҷашнӣ буда, барои модарону бонувони тоҷик тӯҳфаҳои хубу арзанда хоҳад буд, афзуд манбаъ.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |