Раиси шаҳри Хуҷанд намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси шаҳрӣ интихоб шуд.
Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар ҳавзаи интихоботии №13-и ин шаҳр иттилоъ доданд, ин маърака бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон баргузор шуд. Дар он 100 фисад интихобкунандагон иштирок карда 98,9% ба ҷонибдории номзад Каримов Раҷаббой Аҳмадҷонович, раиси шаҳри Хуҷанд овоз доданд.
Ҳамин тавр,роҳбари шаҳр намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси шаҳрии депутатҳои халқ интихоб шуд. Номбурда ба масъулин ва интихобкунандагон барои дастгириашон арзи сипос карда, ваъда дод,ки тамоми имконият ва маҳорати худро ба он равона месозад, то ки дар татбиқи сиёсати ҳукумат саҳим бошад.
Мӯҳр