Бахшҳо
26 май 2011 09:49Хабарҳои ҷаҳон

Муин ба «Китоби рекордҳои Гиннес» ворид мешавад?

Муин Бачонаев, як кӯдаки тоҷик, ки бо  хонаводааш дар Русия ба сар мебарад, бо дарозтарин мижгонҳо ба «Китоби рекордҳои Русия» ворид шудааст ва интизор меравад ба «Китоби рекордҳои Гиннес» низ ворид гардад.

Дар 4 солагӣ аллакай мижгонҳои Муин Бачонаев   3,5 сантиметр дарозӣ доранд. Оҷонсии иттилотии «Китоби рекордҳои Русия»-Pari.ru  дар бораи ин ҳамватани кӯчаки мо навиштааст,  «Аслан пазируфта шудааст, ки мижгонҳои дароз ва мӯҳташам рамзи зебоии ҷинси латиф мебошад. Барои он хонумҳо омодаанд ,тамоми умр тавассути  усулҳои гуногун, шурӯъ аз қаламҳои ороишӣ ва омехтаҳои кимиёии «дарозкунанда»-и мижгон, ки бо номи туш маъруфанд, истифода  кунанд. Сокини хурдакаки шаҳри  Маскав, Муин Бачонаев ҳамаи олуфтасанамҳоро бо як нӯл зад. Ӯ дар сини ҳамагӣ 4 солаву 1 моҳаву 16 рӯзагӣ  расман аз рӯйи  дарозтарин мижгонҳо рекордсмени Русия эътироф шуд. Духтарҳо акнун нолаву шеван кунед, зеро ин сеюним сантиметре, ки комиссиюн ба Муин мушаххас кардааст, охири кор нест. Мижгонҳои ӯ боз ҳам дароз шудан доранд».

Комиссиюни коршиносӣ, ки санадро барои ба «Китоби рекордҳои Русия» омода кардааст ва Муин ба он расман 3 декабри соли 2010 ворид шудааст, ишора кардааст, ки  рекорди дарозии мижгонҳои Муин на ба як ё ду  мижгони ӯ, балки ба аксарияти мижгонҳояш иртибот дорад. Ин сомона менависад, ки «писарак сабурона андозагириҳои беохирро таҳаммул мекунад ва дар тааҷҷуб аст, ки аз ин чаро бузургсолон лаззат мебаранд».

Дар ҳамин ҳол, журналист Иршод Сулаймонӣ ба «Озодагон» гуфт, "падари Муин Зайдулло Бачонаев аз хешовандони наздики мост.Дар рустои Бунайи ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, чанд соли пеш ба Маскав кӯч баста, он ҷо иқомат дорад. Аслан, абрӯву миҷгони дарозу сиёҳ дар авлоди мо ирсист ва ин ҳодисаи нахустин нест».{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)