Ҳосили зироат ва боғҳо дар Бадахшон дар қиёс ба соли гузашта афзойиш ёфта, ин бахшҳо рӯ ба беҳбудӣ доранд.
Дар ин бора райиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим, зимни суханрониаш рӯзи 25-уми май дар ноҳияи Данғара, ки бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолони вилоятҳо ва навоҳии тобеъи марказ сурат пазируфт, иброз дошт. Номбурда афзуд,тайи 4 моҳи соли равон 10 корхонаи хурди саноатии аз фаъолият бозмонда дар вилоят дубора ба кор дароварда шуд. Саршумори қутос ба 20 ҳазор сар расонда шуд. Дар 1,5 ҳазор га замини ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз кишти такрорӣ ба роҳ монда мешавад. Корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 20 – солагии истиқлолияти Тоҷикистон ҳамоно идома доранд.
Мӯҳр