Бахшҳо
26 май 2011 07:41Сиёсат

Афкори ҷамъиятиро кӣ месозад?

Асри ҷангҳои иттилоотӣ Замони муосирро ҳанӯз то давраи фаро расиданаш, асри муборизаҳои иттилоотӣ номида буданд. Гуфта мешуд, ки дар асри нав ҷанг дигар миёни халқҳову кишварҳо на, балки миёни тамаддунҳо сурат мегирад, нақши асосиро дигар силоҳи оташфишон на, балки итилоот мебозад.

Ҳоло як ва ё чанд хабари кӯтоҳи ба воситаи ВАО паҳншуда метавонад, сабабгори сар задани табадуллоти давлатӣ ва ё инқилоб гардад. Инқилоб – табаддулотҳои давлатӣ дар кишварҳои арабии Африқо маҳз ба воситаи хабарҳои электрониву матбуотӣ вусъат гирифтанд. Бояд иқрор шуд, ки таҷрибаи нахустини бо як хабари кӯтоҳ ба таҳлука овардан ва гирд сохтани одамони касбу кори гуногун маротибаи аввал дар Тоҷикистон  роҳандозӣ шуда буд. Овозаи сар задани зилзила - заминҷунбии даҳшатбор ва бесобиқа ҳазорон сокинони пойтахти мамлакатро аз сари шаб то ба субҳ аз хонаҳои худ берун оварда буд. Баъд аз “мувафаққона” амалӣ шудани ин тарҳи таҷрибавӣ дар байни омма овоза паҳн гардид, ки ин амал аз тарафи салафиён анҷом дода шуда аст. Бо гузашти чанд сол таҳқиқ кунем, дармеёбем, ки ҳамон салафиҳо дар кишварҳое  таҳсил кардаанд, ки имрӯз гирифтори вабои инқилобанд; салафиҳо зери назари сохторҳое таълим гирифтаанд, ки айни ҳол инқилобҳои замонавиро тавассути хабарҳои кӯтоҳ дар ВАО ва наворҳои телевизионӣ идора мекунанд, ҳарчанд, ки худ дар ҳудуди Осиёву Африқо қарор надоранд. Манзур сабабу заминаву натиҷаи инқилобҳо нест, балки нишон додани бузургии сухан аст. Таҷрибаи инсоният исбот кардааст, ки сухан на танҳо обод мекунад, балки харобӣ низ ба бор меоварад, вобаста ба он, ки кӣ ва чӣ тавр, ва кай аз он истифода мебарад.

Аз карикатураи  “Jyllands-Posten”  то  журналистикаи Тоҷикистон

Соли 2005 рӯзномаи номаъруфи даниягии “Jyllands-Posten”, бо як амали носазои худ – нашри карикатураҳо дар тамоми рӯи замин фавҷи мусулмони ба ғазаб омадаро ба вуҷуд овард. Баъдан вақте ки дигар нашрияҳои Амрикои Шимоливу Аврупои Ғарбӣ ва газетаҳои музофотии Русия ин расмҳоро такроран чоп карданд, бори дигар ба муқаддасоти инсонӣ - боигарии маънавии мусалмонон зарба заданд. Тарроҳони ин амал ба омӯзиши вокуниши сокинони кишварҳои мусулмонӣ машғул шуданд, ба оташ равған рехтанду назора карданд, ки алангаи он то ба куҷо шӯъла мезанад ва кадом натиҷаҳоро ба бор меорад.

Тибқи анъанаи муқарраршуда, журналист мавзӯъро пайдо мекунад, онро вобаста ба ҳадафи гузошташуда обу ранг дода сипас барои истеъмол пешкаши хонанда месозад. Ин яке аз роҳҳои боло бурдани рейтинги нашрия мебошад.  Намояндагони матбуоти хусусӣ барои ёфтани номи худ ба сад дари пӯшидаву кушода суроғ мераванд, мавзӯъ меҷӯянд, ба таври худ, тадқиқот мебаранд. Аксари мансабдорону масъулин нашрияҳои мустақилу хусусиро эътироф накунанд ҳам, ҳатман мақолаҳои ин нашрияҳоро мутолиа мекунанд, ки мабодо оид ба рафтору кирдори онҳо навиштаи танқидӣ чоп шуда бошад. Дар ҷашни 70 солагии шоири зинданом Лоиқ Шералӣ, вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов изҳор кард, ки “ман аъзои иттифоқи нависандагон нестам, чунин нагӯед, ки журналистони қаламбадасти дар толорнишаста боз менависанд, ки ана вазир аъзои иттифоқи нависандагон низ шудааст...” Оҳанги гуфтори вазир гиламандона буд, гила аз журналистон дошт, ҳол он ки вазир  Раҳмонов бояд аз журналистони тоҷик миннатдор бошад, ки маҳз онҳо ӯро маълуму машҳур кардаанд, зеро мактабу маорифу таълиму тарбия аз мавзӯъҳои асосии ВАО-и тоҷик буду мемонад. Вагарна дар Ҳукумати Тоҷикистон чандин вазирону раисони дигар низ ҳастанд, ки на аз номашон ва на аз фаъолияташон шаҳрвандон дараку хабаре надоранд.

Дар ИМА ҳамасола аз ҳисоби буҷаи давлатӣ барои омӯзиши афкори омма зиёда аз 230 миллион доллар сарф мешавад, ғайр аз ин маблағҳои зиёд аз тарафи шахсони алоҳида ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ бо мақсади омӯзиши афкори омма харҷ мешавад. Ҳамарӯза ҳолат ва авзои шаҳрвандон мавриди омӯзиш қарор мегирад. Тасмиму қарору амали анҷомдодашудаи ҳукуматро аз тариқи афкори ҷамъиятӣ баҳогузорӣ мекунанд. Натиҷаи омӯзиши афкори ҷамъиятӣ дар таҳия ва пешбурди сиёсати дохиливу хориҷӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавиву фарҳангӣ истифода мешавад. Афкори ҷамъиятӣ пешакӣ нерӯ, тавону имконият ва чеҳраи аслии шахсиятҳои сиёсӣ, ҳизбу созмонҳои ҷамъиятиро рӯшан мекунад. Ба таври воқеӣ пешгӯӣ мекунад, ки дар ҳолати иваз шудани вазъ дар мамлакат аз ин ва ё он сиёсатмадор, ҳизби сиёсии мухолиф чиро бояд интизор шуд, кадом гурӯҳҳо ба ӯ мепайванданд, кадом кишварҳои хориҷӣ аз онҳо пуштибонӣ хоҳанд кард.

Бо роҳи сохтани афкори ҷамъиятӣ ормонҳои шаҳрвандон ва фаъолиятҳои ҳукумат бо ҳам мепечанд, боварии ҳукуматдорон ба шаҳрвандон ва эътимоди сокинон ба ҳукуматдорон пайдо мешавад ва тадриҷан замина барои идеяи ягонаи миллии давлатдорӣ фароҳам мегардад. Ба қавли таърихшиносон аз байн рафтани як ҳукумат боке надорад, бо гузашти чанд вақт он боз ба сари ҳокимият бармегардад, аммо нигоҳ доштани давлати миллӣ дар замони муосир барои тоҷикон бояд ҳадафи асосӣ боқӣ монад.

Оё Тоҷикистон осебпазир аст?

Дигар он замоне, ки подшоҳи мамлакат бо либоси дарвешӣ дар бозору ҷодаҳои кишвар мегашту афкори оммаро меомӯхт гузашта рафт. Муаммо аст, ки имрӯз роҳбарони сатҳи аввал аз куҷо маълумотро дар бораи афкори ҷомеа, ҳолат ва рӯҳияи шаҳрвандон мегирифта бошанд. Аз телевизионе, ки танҳо рақсу таронаву суруд, доруву мебелро таблиғ мекунад, телевизионе, ки танҳо “Ахбор”-ашро тамошо мекунанд, аз нашрияҳои ҳукуматӣ, ки аз ҳисоби андозсупорандагон - аз ҳисоби шаҳрвандони муқаррарӣ ва обунаи маҷбурӣ маош мегиранду сокинон онро аз дӯконҳо намехаранд?  ВАО-и давлатӣ мунтазир ҳастанд, ки кай президент кадом мушкилиеро нишон диҳад, сипас сари он масъала мақола  чоп мекунанд. Надидем ва ё нашунидем, ки “Ҷумҳурият” ва ё “Ҷавонони Тоҷикистон” фаъолияти вазоратхонаву кумитаҳои давлатиро зери тозиёнаи танқид гирифта бошанд, камбудиҳои соҳаро фош карда бошанд. Шояд ба он хотир ин корро намекунанд, ки онҳо худро аъзои як тим, яъне аъзои ҳукумат медонад ва намехоҳанд якдигарро ранҷонанд? Дар даврони шӯравӣ низ ҳама, ҳам мансабдорон ва ҳам намояндагони ВАО аъзои як ҳизб буданд, аммо фелетону памфлету мақолаҳои танқидии ВАО давобахши дардҳои ҷомеа буданд. Афкори воқеии ҷамъиятиро нашрияҳои ҳизби коммунист содиқона месохтанд, онҳо бо мардуму мушилоти мардум якҷоя буданд. Соли гузашта дар шарқи Тоҷикистон душманони давлат бо артиши миллат ҷанг мекарданд, овозаҳои беасос миёни мардум мисли аҷинашамол гирд мегашт, аммо ВАО-и давлатӣ бештар хомӯшӣ ихтиёр карда буд. Баъдан низ вақте ки террористон нобуд карда шуданд, нафароне низ пайдо шуданд, ки онҳоро “гумроҳшуда” номиданд. Ҳол он ки онҳо гумроҳшуда не, балки таълимдида буданд, дидаву дониста қадам мегузоштанд. Афкори ҷамъиятӣ, ки набуд, касе хулосаи дуруст набаровард...

Ба ҳар ҳол набояд фаромӯш кунем, ки гузаштаро ба он хотир бештар бояд ёд кард, ки аз он дарси ибрат бигирӣ. Ин дар ҳолест, ки ахиран боз ҳам созмонҳои хориҷӣ ва бархе расонаҳои иттилоотӣ мармузона ҳушдор медиҳанд, ки “Тоҷикистон осебпазир аст”...{jathumbnail off}

Акрами Санг

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)