Масъулини КҲФ бо хонандагони мактаби рақами 86-и ноҳияи Сино мулоқот карданд.
Бино ба қавли хабарнигори «Озодагон», ки дар ҳамойиши мазкур ширкат дошт, ин нишаст таҳти унвони «Амалкарди нерӯ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ аснои сар задании ҳолатҳои изтирорӣ, аз ҷумла бартрафкунии заминларза ва оқибатҳои он» сурат пазируфт. Искандар Усмонов, сардори курсҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе гуфт, дар чорабинӣ аз ҳисоби нерӯҳои ғайриҳарбӣ 150 нафар ва наҷотдиҳандаҳо бошанд, 16 нафар ширкат карданд: «Ба ҷуз аз намояндагони сохторҳои кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, масъулин аз вазорати корҳои дохила, кормандони ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва хадамоти оташнишонии ноҳияи Сино низ ҳузур доштанд».
Номбурда илова намуд, ки мақсад аз гузаронидани чунин чорабиниҳо аз он иборат аст, ки дар замони осоишта омода намудани қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ барои амал намудан дар ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табииву техногенӣ дошта ва инчунин сар задани ҳолатҳои фавқуллода дар вақти амалиётҳои ҷанг равона шавад.
Мӯҳр