Роналдо, собиқ футболбози беҳтарини тими миллии Бразилия ба хотири напардохтани ҳаққи иҷораи қитъаи замин дар шаҳри Рио-де-Женейрои ин кишвар мавриди пайгарди қонун қарор хоҳад гирифт.
Саҳифаи интернетии «Ал-арабия» бо такя ба гузориши даъвогар навиштааст, ки ин чеҳраи саршиноси варзиши футболи Бразилия дар ҳоле ба додгоҳ кашида мешавад, ки аз пардохти ҳаққи иҷора саркашӣ кардааст. Ин дар суратест, ки Ариола, вакили мудофеи Роналдо ин ҳама иттиҳомоти алайҳи зерҳимояи худро рад намуда, гуфтааст: «Зерҳимояи ман то кунун 36.500 евро барои харидани ин замин пардохт кардааст ва танҳо 5000 евро боқӣ мондааст, ки ин маблағро низ дар наздиктарин муддат пардохт хоҳад кард».
Ёдовар мешавем, ки Роналдо дар солҳои 1996, 1997, 2002 ба унвони беҳтарин футболбози ҷаҳон шинохта шудааст.
Мӯҳр