Як сокини ноҳияи Турсунзода бо ҷурми ришвадиҳӣ ба мақомоти қудратӣ боздошт гардидааст.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, Саидҷон Зокирови 43-сола (истиқоматкунандаи ҷамоати Пахтаобод) ба сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона дар гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисор, майори милиса Баҳром Бердиев маблағи 3000 сомониро ҳамчун пора пешниҳод кардааст. Гуфта мешавад, Баҳром Бердиев ҳамчун аъзои гурӯҳи фаврии тафтишотӣ бо парвандаи ҷиноятӣ нисбати Зокиров С. Б. бо моддаи 109 қ. 1 КҶ ҶТ оғоз шуда фаъолият менамояд. Оиди ин далел парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр