Дар шимоли кишвар падар боиси марги фарзандаш шуд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, Хуршед Раҳимови 44- сола, сокини кӯчаи Тошхӯча Асирии шаҳри Хуҷанд пас аз шустушӯи нақлиёти шахсиаш аз беэҳтиётӣ мошинро ба қафо ронда, писараш- Мирзофирдавс Раҳимови 4-соларо пахш кардааст. Тифли хурдсол зери чархи «Мерседес-Бенс» монда, аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расидааст.
Мӯҳр