Ҷонибҳо масъалаи гузаронидани Панҷумин конфронси минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA V), иштироки ҳайати БИР бо сардории Президенти он Аҳмад Муҳаммад Алӣ дар кори конфронс ва таҷлили иди байналхалқии Наврӯзро муҳокима карданд.
Манбаъ мегӯяд, яке аз мавзӯъҳои асосии мулоқот – ин иштироки БИР дар лоиҳаҳои калони инфрасохтории Тоҷикистон дар оянда, дастгирии соҳаи бонкӣ, хусусан соҳаи микрокредитӣ ва дастгирии ширкатҳои хурд ва миёна буд. Бояд қайд кард, ки дар соли 2011 маблағи умумии амалиётҳои пазируфтаи гурӯҳи БИР дар Тоҷикистон қариб 211 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.
Маврид ба ёдоварист, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 ба БИР ҳамроҳ шуда, то имрӯз ин ниҳоди байнулмилалии молӣ ба 44 лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, роҳсозӣ, энергетика ва хоҷагии қишлоқ маблағгузорӣ намудааст. Айни замон Бонки Исломии Рушд дар Ҷумурии Тоҷикистон 17 лоиҳаро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, барқарорсозии сектори энергетикӣ, сохтмони стансияҳои обию барқии хурд дар маҳаллҳо, лоиҳаи интиқоли минтақавии қувваи барқ, таъмин намудани Душанбе бо оби нӯшокӣ, сохтмони роҳи Шоҳон-Зиғар, сохтмон ва таҷҳизонидани беморхонаи байниноҳиявӣ дар ш. Данғара ва барқарорсозии мактабҳои миёна.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |