Манбаъ мегӯяд, мутаассифона, тағйиру иловаҳои воридшуда низ, қонуни бунёдии соҳаи ВАО-ро ба талаботу ниёзҳои ҷомеаи демократӣ ҷавобгӯ нанамудааст: “Ташаббуси вакилони МН, Олимҷон Салимзода ва Акрамшо Фелалиев дар амри омода намудани лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» дар таҳрири нав, аз ҷониби ҷомеаи журналистӣ бо хушиву умедвории зиёд истиқбол гардид, ки баҳсу мунозира, ироаи дархосту пешниҳодҳои фаровон дар нишастҳо ва тавассути саҳифаҳои матбуоти даврӣ, далолат ба ин аст: «Вале ҳамоно ба андешаи худи журналистон ва соҳибназарон ворид намудани тағйиру иловаҳои ҷиддӣ ба қонуни бунёдии соҳа, ба хусус дар масъалаҳои танзими бақайдгирии ВАО, ҳуқуқи журналистон ба дастрасӣ ва ҳифзи манбаъҳои иттилоот, ғайриҷиноӣ гардонидани таҳқиру тӯҳмат дар ВАО, ки аз арзишҳои демократии санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, имрӯз амри зарурӣ гардидааст».
Гуфтанист, ба “Мизи мудаввар” ҳудуди 25 нафар аз ҷумлаи вакилони МН МО ҶТ, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи президент, ниҳодҳои ҳукуматӣ, журналистон ва коршиносони соҳа даъват гардидаанд. Дар нишаст пас аз шунидани гузориши вакилони МН МО ҶТ Олимҷон Салимзода, Акрамшо Фелалиев ва маърӯзаи ҳуқуқшинос Иноят Иноятов, баҳсу мунозира, табодули афкор перомуни зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» сурат мегирад.
Мӯҳр
« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |