Дар ҳамин ҳол, муассиса ҳамагӣ 273-километр роҳҳои автомобилгардро нигаҳдорӣ дорад, ки аз он 67-километраш роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва 164-километри дигар аҳамияти маҳаллидошта мебошанд. Таъмири роҳҳо сари вақт ба анҷом расонида шуда, аломатҳои роҳ низ мунтазам иваз карда мешаванд.
Қурбон Ҳикматуллоев, сардори муассиса мегӯяд, маблағгузорӣ барои таъмиру нигаҳдории роҳҳо аз ҷониби вазорати нақлиёт дар вақти муайян пардохт мешавад. Гузашта аз ин, ҳукумати маҳаллӣ ҳам аз фаолияти корхона розӣ буда, аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ҳамасола кумаки пулӣ карда меояд.
Маврид ба зикр аст, ки аввали ҳамин моҳ дар ин муассиса семинари ҷумҳуриявии кормандони соҳаи роҳу нақлиёт баргузор гардида, дар он вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Восеъро муассисаи намунавӣ эълон намуд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |