Бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ, тибқи «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013» санаи 17 феврали соли равон дар «Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ»-и маркази вилоят ярмаркаи вилоятии ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор мегардад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Хадамоти матбуотии райиси вилоят иттилоъ доданд, дар ярмарка Раёсату шӯъбаҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Хуҷанд, Қайроққум, Ҷ.Расулов, Ҷкалов, Табошар бо саҳмгузории корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо, марказҳои таълимӣ ва субектҳои хоҷагидоре, ки барои фиристодани шаҳрвандон ба хориҷӣ кишвар иҷозатнома доранд иштирок менамоянд.
Мӯҳр