Яке аз сабабҳои аз хизмати Ватан сарпечӣ кардани аксари ҷавонон зуҳуроти ноҷавонмардонаи калонгарӣ (дедовшина) дар артиш аст.
Дар ин бора зимни як муроҷиатномаи сарбозони қисмҳои низомии ШҲФ-и «Суғд», ки унвонии ҳамхизматон ва наваскарон иншо шудааст, омадааст. Зимнан, аскарон дар номаи худ навиштаанд, ки мо фарзандони як Ватан, фарзандони як модарем, ки Тоҷикистон ном дорад. Агар дар ду сол хизмати Ватан ба чои калонгариву ҷаҳлу зулмат дӯстӣ варзему обу тоб ёбем, бо ҳамдигар бародарона рафтор кунему донишу маърифат омӯзем, ояндаи кишвари худро ҳусну равнақ файзу баракат мебахшем. Мо сарбозони собиқаи яксолаву бештари хизмати ҳарбӣ дошта агар навдаъватшудагонро бародарвор истиқбол гирем, ба онҳо меҳрубониву раҳму шафқат зоҳир намоем, онҳо низ нисбати мо эҳтирому самимияти бепоён нишон хоҳанд дод ва шаҳди ин эҳтиромотро баъди адои хизмати ҳарбӣ низ хоҳем чашид.
Матни комили муроҷиатномаро аз ин нишонӣ дарёфт карда метавонед: https://ozodagon.tj/ms/item/16179
Мӯҳр