Дар пайи як амалиёти кормандони милиса дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд миқдоре аз маводи мухаддир забту мусодира гардид.
Тавре ба «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, аснои ин амалиёт дар кўчаи Некрасови шаҳри мазкур, сабукрави тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда Ҳурматулло Оймаҳмадови 38- сола, мавриди тафтиш қарор гирифт. Дар вақти азназаргузаронии автомашина аз дохили борхалтаи мусофир Фуруғҷон Қудратови 23 сола, сокини шаҳри Чкаловск, кӯчаи Ғалаба маводи нашъадори навъи ҳашиш, ки вазнаш 1 килою 820 грамм буд, дарёфт шуд.
Ба иттилои манбаъ, Фуруғҷон Қудратов қаблан бо моддаи 247 КҶ-и ҶТ аз озодӣ маҳрум шуда будааст. Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идомад дорад.
Мӯҳр