Сарварони ду давлат аллакай ба истеъфо рафтанд. Чанде дигар низ метавонанд аз паси инҳо раванд.
Дар ин бора, Борак Обама зимни суханрониаш дар бораи Ховари Миёна ва кишварҳои Африқои Шимолӣ иброз доштааст. Президенти Амрико ҳамчунин афзудааст, агарчанде, ки ин кишварҳо аз сарҳади мо басо дур воқеъанд, вале мову онҳо аз тариқи иқтисоду амният, таъриху мазҳаб бо ҳам пайвастагиҳо дорем.Имрӯз ман мехоҳам дар бораи ана ҳамин тағйирот сухан кунам, дар бораи қувваҳое, ки онро ба амал меоваранд; дар бораи он, ки чӣ посухе мо бояд ба ин тағйирот диҳем, то онҳо ба арзишҳои мо ҷавобгӯ бошанду амнияти моро боз ҳам пурқувват намоянд. Дар Афғонистон мо тавонистем, ки маҳаки таҳрикдиҳандаи Толибонро шикаст диҳем ва шурӯъ аз моҳи июли ҳамин сол мо ба баровардани қуваҳоямон аз хоки ин кишвар ва ба худи афғонҳо супурдани қудратро оғоз мекунем. Ҳамчунин, пас аз солҳои зиёди ҷанг бо Ал-Қоида ва ҳаммаслаконаш мо тавонистем, ки раҳбари он Бин Лоданро ба қатл расонем ва бо ҳамин ба ин шабака зарбаи қавие занем.
Мӯҳр