Рӯзҳои 5-ум ва 6-уми майи соли равон дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи ҳамкориҳои байналмилалии Шӯрои Олимпии Осиё баргузор мегардад.
Ҷиҳати иштирок дар ин ҳамойиш котиби генералии Шӯрои Олимпии Осиё Ҳусейн- ал -Мусаллам ва Субово Рича, раиси Кумитаи ҳамкориҳои байналмиллали Шӯрои олимпии Осиё ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Дар рафти кори ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рушди ҳаракати олимпӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Шӯрои олимпии Осиё мавриди баррасӣ қарор мегирад. Маврид ба ёдоварист, дар рафти бозиҳои Осиёӣ, ки дар тирамоҳи соли 2010 дар шаҳри Гуанҷоу Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, бо пешниҳоди Президенти Шӯрои Олимпии Осиё Шайх Аҳмад-ал Фаҳлу-ал Сабоҳ, ноиби Федератсияи Футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба аъзогии Кумитаи ҳамкориҳои байналмилалии Шӯрои Олимпии Осиё пазируфта шуд. Феълан, 50 кишвари қитъа ба Шӯрои олимпии Осиё аъзо мебошанд.
Мӯҳр