Дар меҳмонхонаи мавсум ба "Hyatt Regency"-и Душанбе ғолибони мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ва беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2011-ум бо ҷоизаҳои Федератсияи футбол мукофотонида шуданд.
Тавре Фаридун Солиев, пресс-атташеи ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, қабл аз ҳама Рустами Эмомалӣ, райиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бораи натоиҷи мусобиқоти порсолаи қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ гузориш дод ва футболбозону мураббиён, раҳбарону сарпарастон ва мухлисони дастаҳоро бо пирӯзиашон табрик гуфт. Ӯ гуфт: "Яке аз ин камбудиҳо рафтори дағалонаи ғайриварзишии футболбозон ва роҳбарони алоҳидаи баъзе клубҳо мебошанд. Суханҳои қабеҳ, дашному ҷанҷолу рафторҳои ношоиста он тараф истад, ҳатто занозании гурӯҳии байниҳамдигарии футболбозон ва аз ҷониби роҳбарону футболбозони баъзе дастаҳо лату кӯб кардани доварон низ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин фурсати муносиб истифода карда, таъкид менамоям, ки имсол нисбати тамоми роҳбарону футболбозоне, ки қасдану дағалона низомнома ва қоидаҳои бозии футболро вайрон мекунанд, чораҳои қатъӣ андешида мешаванд."
Манбаъ афзуд, дар маросими мукофотсупорӣ ба дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон дар соли 2011-ум, ҷому ифтихорнома, ба роҳбарону мураббиён ва футболбозони даста медалҳои тиллои мусобиқоти XX қаҳрамонии футболи кишвар супурда шуд. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода барои ҷойи дувум бо ҷому ифтихорнома, роҳбарону мураббиён ва футболбозони даста бо медалҳои нуқраи мусобиқот сарфароз гаштанд. Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб барои ҷойи севум бо ҷому ифтихорнома ва роҳбарону мураббиён ва футболбозони даста бо медалҳои биринҷии мусобиқот қадрдонӣ шуданд.
Мӯҳр