Яков Тсой, шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон моҳи июли соли 2008 бо иттиҳоми фурӯши симоб дастгир шуда дар яке аз маҳбасхонаҳои Афғонистон ба сар мебурд, ба озодӣ баромад.
озод карда шуд. Тибқи иттилои сафорати ҶТ дар кишвари исломӣ ҳоло Тсой дар қароргоҳи дипломатии Тоҷикистон дар Кобул аст.Манбаъ мегӯяд, Яков Тсой бо ҳавопаймои хатсайри Кобул-Душанбе дар мӯҳлати наздиктарин ба Ватан бармегардад.
Маврид ба ёдоварист, ВКХ-и Тоҷикистон ҷиҳати раҳоии шаҳрванди боздоштшуда талоши зиёд ба харҷ додааст: «Моҳи ноябри соли 2011 зимни гуфтугӯи телефонӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба ҳамтои афғонистонии худ Залмай Расул ҷиҳати суръат бахшидан ба масъалаи истирдоди маҳкумшудагони тоҷик, ки дар ҳабсхонаҳои Афғонистон қарор доштанд, изҳор хоҳиш кард. Дар навбати худ, З. Расул иттилоъ дод, ки эҳтимолан дар мӯҳлати наздик яке аз маҳкумшудагон – Яков Тсой ба Тоҷикистон бозгардонда мешавад».
Зимнан, моҳи январи соли 2012 дар шаҳри Кобул дар ҷараёни вохӯрии муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, фиристодаи вижаи президент оид ба Афғонистон Низомиддин Зоҳидов бо райиси Додгоҳи Олии Афғонистон Абдусалом Азимӣ масъалаи истирдоди ҳарчӣ зудтари маҳбусони зиндонҳои ҶИА ба Тоҷикистон баррасӣ гардид. Ҳамчунин, масъалаи марбут ба тақдири шаҳрванди Тоҷикистон Я.Н. Тсой муҳокима шуд.
Мӯҳр