«Ба бародарон ва хоҳарони Рашту Нуробод, Тавилдараю Тоҷикобод миннатдории худро бори дигар баён мекунам».
Муҳиддин Кабирӣ, райиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ин ҳарфҳоро баъд аз зӯҳри дирӯз, зимни мулоқоташ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар водии Рашт иброз дошт. Кабирӣ афзуд, шумо дар лаҳзаҳои ҳассос хуб рафтор кардед ва ҳамчунин кӯмаки худро барои сулҳу суботи минтақа расонда, обрӯ ва ҳайсияти ҳизбро дар мавқеи муносиб нигаҳ доштед. Ҳамчунин ӯ, аз аъзоёни ва ҳавдорони ҲНИТ дар водии Рашт даъват ба амал овард, ки фаъолияти худро аз рӯйи қонун дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва бо назардошти манфиатҳои давлатию миллӣ ва ҳизбӣ ба роҳ монанд. Кабирӣ ба аъзои ҳизб тавсия дод, ки дар асоси барнома фаъолият кунанд.
Зимнан, пас аз ҳисоботи раиси шӯъбаи ҲНИТ дар навоҳии тобеи марказ ва намояндаи комиссияи тафтишот вакилон масъалаи интихоби раёсати нави шӯъбаро баррасӣ карданд. Бо ҷонибдории бештари вакилон раиси қаблии шӯъба, Сабзалӣ Шарифов бори дигар ба ин симмат интихоб гардид. Маврид ба ёдоварист, пас аз гузашти ду сол раёсати шӯъбаи мазкур аз нав интихоб мегардад.
Мӯҳр