Ёдрас менамоем, аснои мурофиаи аввали додгоҳӣ рӯзи 26-уми январ суд ба тарафҳо пешниҳод кард, ки оштӣ кунанд ва аз даъвои худ гузаранд. Зимнан, барои ин ба ҷонибҳо то рӯзи 6-уми феврал мӯҳлат дода шуда буд.
Он вақт (рӯзи 26-уми январ) Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон» гуфт, онҳо розӣ шудаанд, ки дар асоси иҷрои се шарташон аз ҷониби Саидмукаррам Абдуқодирзода аз даъво даст кашанд ва бо ӯ созиш кунанд:«Мо дар посух ба пешниҳоди суд гуфтем, ки ба сулҳ розӣ ҳастем, аз ин даъвобозиҳо худамон ҳам дар хиҷолатем, аммо дар асоси се шарт аз даъвоямон мегузарем. Шарти аввал, ин ки қароре, ки дар ҳаққи мо бароварданд, золимона буд. Мо шиъа нестем, вале моро шиъа гуфтанд. Ба ин хотир бояд Шӯрои уламо қарор барорад ва иқрор шавад, ки қарораш хато буд. Баъдан, масҷидро дубора боз кунанду намози ҷумъаро иҷоза диҳанд ва домуллоҳо сари корашон баргарданд.»
Бояд гуфт, он рӯз (26-уми январ) дар муҳокимаи тарафҳо дар суди ноҳияи И.Сомонӣ аз оилаи Тӯраҷонзодаҳо Ҳоҷӣ Акбар ва эшони Нуриддин, аз Шӯрои уламо Сайидмукаррам Абдуқодирзода бо намояндагони ин шӯро ва ҳамчунин намояндагони Кумитаи дин низ ҳузур доштанд.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабр дар баёнияе, ки онро хабаргузории «Ховар» ба нашр расонд, аз баргузории маросими азодории «Ошӯро» дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдомро шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба «тағйири мазҳаб" муттаҳам намуд. Сипас, оилаи Тӯраҷонзодаҳо барои тӯҳмат ва паст задани шаъну эътибори онҳо аз болои райиси Шӯрои уламо ба суди ноҳияи И.Сомонӣ шикоят бурданд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |