Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ширкати муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва муовинони роҳбарони қисмҳои ҳарбии гарнизони вилоят оид ба кор бо ҳайати шахсӣ дар ҳолатҳои фавқулодда машварати корӣ баргузор шуд.
Дар машварат масъалаи вазъи кунунии кор бо ҳайати шахсӣ дар қисмҳои ҳарбии гарнизони Суғд ва роҳҳои беҳтар намудани фаъолият дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҳайати шахсӣ, роҳ надодан ба муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни сарбозон ва афсарон баррасӣ гардид.Зикр шуд, ки феълан дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Вазоратҳои корҳои дохилӣ ва адлия, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ корҳои муайян ба анҷом расонида шуда, шароити хизмат, зист ва таъминоти қисмҳои низомӣ бо лавозимоти зарурӣ, хӯрокаю пӯшока ва техникаҳои ҳарбӣ нисбати солҳои гузашта беҳтар гардида истодааст. Мақсад аз баргузории маҷлиси омӯзишӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, эҳтиром нисбат ба қонунҳо, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта унвон шуд.
Мӯҳр