Масъулини НАТО изҳор медоранд, ки дар Тоҷикистон бисёре аз лавозимот дар анборҳои муваққатӣ нигоҳ дошта шуда, аз сабаби камбуди ҷой силоҳҳое, ки бояд аз ҳамдигар дур бошанд, дар як ҷой нигоҳдорӣ мешаванд. Зиёда аз ин ба гуфтаи масъулини НАТО қисмате аз лавозимот дар Тоҷикистон кӯҳна шуда истодаанд ва мувофиқан устувориашонро аз даст додаанд ва ин омилро дар шароити иқлими гарму хушки Тоҷикистон хатарнок номиданд.
Дар доираи лоиҳаи НАТО ва Тоҷикистон омӯзондани афсару ҳарбиёни тоҷик дар назар буда, таи 12 моҳ гурӯҳ ба дарёфт ва безараргардонии силоҳҳо ва беҳтаргардонии шароити нигоҳдории лавозомоти коршоям машғул хоҳад шуд.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |