Ромодановский таъкид кардаст, ки муҳоҷират бояд бегуфтугузор ба манфиати шаҳрвандони Русия бошад. Ба гуфтаи ӯ аз ҳама муҳимаш дар муҳоҷират набояд, некбинию бадбинӣ миёни давлатҳо авлавият пайдо кунанд, зарур аст, ки волояти қонуни Русия таъмин гардад.
Вай пешниҳоди Путинро оиди ҷорӣ кардани имтиҳон барои муҳоҷирон аз забони русӣ қобили дастгирӣ номида, изҳор доштаст, ки айни ҳол Хадамоти муҳоҷират меъёрҳои мушаххасро барои сатҳи забондонӣ муайян карда истодааст. Ӯ мегӯяд: «Чоряки муҳоҷироне, ки аз Осиёи Миёна ба Русия меоянд таваллуди солҳои 1986-ум мебошанд, мувофиқан дар мактабҳои шӯравӣ нахондаанд ва забони русиро намедонанд».
Ромодановский иттилоъ додаст, ки қонунан дар Русия айни ҳол 2,3 миллион нафар кор карда истодаанд, вале шумораи ғайриқонунҳо метавонад аз 4 миллион бештар бошад.
Мӯҳр
« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |