62 кило маводи мухаддир аз ҷониби кормандони милиса дар як рӯз забту мусодира гардидааст.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, зимни амалиёт рӯзи 31-уми январ, дар ҳудуди ҷамоати Уткансойи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда Асрорхӯҷа Умарови 36- сола, сокини шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ш.Раҷабов мавриди боздошту тафтиш қарор гирифт.
Манбаъ афзуд, аснои санҷиш аз бағоҷи сабукрав 1-халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохили он маводи нашъадори навъи ҳашиш вазнаш 44 килову 205 грамм буд, дарёфт ва мусодира гардид. Маълум шуд, ки маводи мазкур ба мусофири нақлиёт Саидаҳмад Муҳаммадови 40- сола, сокини шаҳри Хуҷанд таалуқ дорад.
Ба ҳамин ҳодиса монанд, дар ноҳияи Конибодом аз мошини Фарҳод Додохонови 36- сола, аз дохили борхалтаи мусофир Хуршед Сатторов маводи нашъадори навъи ҳашиш ба миқдори 11 киллову 720 грамм дарёфт ва мусодира карда шуд.
Зимнан, дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Диловар Домодови 23- сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷамоати Чапаев, старшинаи дидбонгоҳи №3 қӯшунҳои сарҳадии ноҳияи Фархор дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтааш маводи нашъадори навъи ҳашиш вазнаш 5 килою 434 грамм ва маводи нашъадори навъи афюн вазнаш 1килою 126 грамм мусодира гардид.
Феълан, аз рӯи ин се қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр