«Меъмори истиқлоли Тоҷикистон». Таҳти чунин унвон маҷмӯае аз навиштаҳои донишмандон ва журналистони Тоҷикистон дар бораи рӯзгор ва пайкори шахсияти мубориз ва донишманд, иқтисодшинос ва файласуф- Тоҳири Абдуҷаббор ба нашр расид.
Ин китоб аз сӯи нашриёти «Нодир» бо теъдоди 100 нусха ба таври озмоишӣ чоп шудааст. Маросими муаррифии ин китоб имрӯз дар маҷмааи табъу нашри мавсум ба «Шарқи Озод» дар Душанбе баргузор шуд.Таҳия ва таҳрири маводи асар аз сӯи Аҳмадшоҳи Комилзода, яке аз дӯстони наздик ва ҳамсангарони марҳум Тоҳири Абдуҷаббор сурат пазируфтааст. Ҳамзамон, дар ин маҷмӯа чанде аз навиштаҳои худи донишманд барои нахустин бор рӯйи чоп омадаанд. Маврид ба ёдоварист, Тоҳири Абдуҷаббор дар ахири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-и асри гузашта дар саргаҳи худшиносии миллӣ қарор гирифт ва нахустин муассису роҳбари Созмони мардумӣ бо номи «Растохез» буд. Ӯ аз ҷумлаи вакилони воқеан мардумӣ буд, ки аз ҷониби интихобкунандагон баргузида шуда буданд ва дар Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз манофеи миллӣ ҳимоят мекард. Равоншод бунёдгузори эҳёи истиқлоли миллӣ ва муаллифи эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон шинохта шудааст. Тоҳири Абдуҷаббор дар моҳи апрели соли 2009 аз олам даргузашт.{jathumbnail off}
Мӯҳр