Дирӯз дар боздоштгоҳи № 2 –и шаҳри Хуҷанд баррасии правандаи ҷиноӣ нисбати 34 нафар сокинони ноҳияи Исфараи вилояти Суғд оғоз гардид.
Онҳо дар даст доштан ба итиҳоди ҷиноии «Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон( Туркистон)» гумонбар дониста шудаанд.
Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар додгоҳи вилояти Суғд хабар доданд, ашхоси номбурда дар содир намудани ҷиноятҳои куштор,ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, бандитизм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста шудаанд.
Мӯҳр