Ду нафар дар шимоли кишвар ба ҳалокат расиданд.
Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини 24-солаи шаҳри Табошар Руслан Худойназаров ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Гагарини ин шаҳр аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба дарахти канори рости роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ду мусофири автомашинаимазкур Адҳам Юсупови 20- сола ва Ҳусниддин Юсупови 24 сола аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Айни замон ронанда таҳти муолиҷаи пизишкон қарор дорад.
Мӯҳр