Дар ноҳияҳои Ҳисору Рӯдакӣ аз бемасъулиятии бархе аз роҳбарони корхонаву хоҷагиҳои кишоварзӣ қарзи андоз рӯ ба афзойиш дорад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз кумитаи андоз иттилоъ доданд, кооперативи истеҳсолии «Боғистон»-и ноҳияи Ҳисор айни замон дар назди буҷа 622 ҳазор сомонӣ қарзи андоз дорад.Санҷиши кормандони кумитаи мазкур нишон додааст, ки андозҳои ҳисобкардашудаи кооперативи номбурда дар соли 2010 маблағи 221 988 сомониро ташкил дод. Файзулло Солиев, сарвари «Боғистон» дар соли 2010 ҳамагӣ аз ҳисоби андозҳо маблағи 64 350 сомонӣ пардохт кардасту бас.Тайи чор моҳи соли равон бошад, андозҳои ҳисобкардашудаи ин хоҷагӣ 43 206 сомониро дар бар мегирад, маблағи андозҳои пардохтшуда бошад, ҳамагӣ 17 000 сомониро ташкил медиҳад. Сармуҳосиби кооперативи номбурда мегӯяд, самти асосии фаъолияти хоҷагӣ ин пахтакорӣ ва истеҳсолу фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Ба қавли ӯ аз 436 гектар замине, ки хоҷагӣ дар ихтиёр дорад, соли равон дар 240 гектараш пахта кишт карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 130 гектар зиёд аст. Ин дар ҳолест, ки майдони кишти ширкат ҳамасола васеъ мегардад, аммо нақшаи андоз иҷро нашуда, қарз болои қарз зам мешавад.
Мӯҳр