40 шаҳрванди Тоҷикистон, ки зодагони вилояти Суғд мебошанд, дар хориҷ аз Тоҷикистон бо ҷурми нашъаҷаллобӣ боздошт шудаанд.
Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар раёсати Агентии назорати маводи нашъадор дар шимоли кишвар иттилоъ доданд, аз ин шумора 5 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Тибқи иттилои манбаъ, аз онҳо ба миқдори 185 кг маводи нашъовар гирифта шудааст, ки 125 кг онро маводи нашъовари сахттаъсири ҳероин ташкил намуд: «Соли 2010 бошад, дар хориҷи кишвар 63 нафар сокинони вилояти Суғд дастгир карда шуда буданд, ки аз онҳо 215 кг маводи нашъовар забту мусодира гардида буд».
Ҳамзамон, соли сипаришуда, дар ҳудуди вилояти Суғд 4 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар даст доштан бо ҷинояти гардиши ғайриқонунии маводи нашъовар дастгир карда шуданд. Онҳо аъзои як гурӯҳ буданд: 3 нафари онҳо шаҳрвандони Қирғизистон ва як тани эшон табааи Русияро доштанд.
Манбаъ афзуд, аз ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ҳудуди 56 кило ҳероин забту мусодира гардидааст.
Мӯҳр