Тибқи иттилои Шариф Шомадов, сардори Маркази ба ҳисобгирии инфиродии раёсати агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб, 1,4-фисад аз даромади фонди ҳифзи иҷтимоӣ барои кӯмак ба коргарону кормандони ташкилоту корхонаҳо ҷудо мегардад.
Ин маблағро иттифоқҳои касабаи ташкилотҳо бо назардошти худашон ва талаботи зарурӣ метавонанд истифода баранд.
Дар ҳамин ҳол, оқои Шомадов изҳор медорад, ки дар ҳамаи минтақа тақрибан нест ҳолате, ки ягон ташкилоту корхона коргаронро барои табобат ва истироҳат ба санаторияҳо ва истироҳатгоҳҳо аз ҳамин ҳисоб фиристонда бошад. Дар зиёд ҳолатҳо, ин маблағ барои хӯроки парҳезӣ ва ё ягон кӯмаки дигари молиявӣ масраф мешудааст.
Мӯҳр