Масъулини ширкати «Тоҷик Эйр» қарздориашонро дар назди «Тоҷиксуғурта» иқрор карда, афзуданд 7,8 миллион сомонии ин қарз дар соли 2010 ва 7 миллионаш дар соли 2011 ташаккул ёфтаст.
Ин дар ҳолест, ки тавре худи намояндагони «Тоҷик Эйр» тасдиқ карданд, тибқи қарори ҳукумат 2 фоиз аз арзиши чипта бояд ин ширкат ба «Тоҷиксуғурта» ҷудо намояд.
Аммо масъулини «Тоҷик Эйр» таъкид мекунанд, ки он стандарту сертификатҳое, ки бояд «Тоҷиксуғурта» ба ивази гирифтани маблағ пешниҳод намояд, ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй нестанд.
Манбаъ таъкид намуд, ки «Тоҷик Эйр» тамоми намуди суғуртаҳоеро, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон бояд тайёраю мусофирон дошта бошанд, дорост. Дар мавриди он, ки «Тоҷик Эйр» ба ширкатҳои дохилӣ ё хориҷӣ суғурта шудааст, сарчашмаи хабар афзуд, ки ин сирри тиҷоратист.
Дар ҳоли ҳозир хаҷми умумии қарздории ширкати «Тоҷик Эйр» дар назди корхонаю ташкилотҳои гуногун 88 миллион сомонӣ арзёбӣ мегардад, ки дар муқоиса бо аввали соли гузашта 20 миллион камтар аст. Қарзҳои дебитории ширкат нисбат ба кредиторӣ наздики 10 миллион сомонӣ зиёдтар буда, 98 миллион сомониро ташкил медиҳанд.
Мӯҳр