Дар Вазорати корҳои хориҷии кишвар маросими имзо гардидани Созишномаи миёни ҳукумати ҶТ ва Олмон оид ба ҳамкории техникӣ ва Созишнома оид ба ҳамкории молиявӣ баргузор шуд.
Тибқи иттилои департаменти иттилотии ин вазорат, ба санадҳои мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ ва аз ҷониби Ҷумҳурии Федеролии Олмон – Сафири Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дорис Ҳертрампф имзо гузоштанд.
Маврид ба тазаккур аст, ки созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории техникӣ маблағгузории лоиҳаҳо дар самти рушди устувори бахши хусусии иқтисод ва дастгирии раванди ислоҳоти соҳаи таҳсилоти касбиро дар назар дорад. Дар навбати худ, тибқи созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории молиявӣ, Олмон ба Тоҷикистон имконияти аз ҷониби Институти қарздиҳӣ доир ба барқарорсозии иқтисодиёт (KfW) ба даст овардани саҳмҳои молиявии бебозгаштро пешниҳод менамояд. Дар чаҳорчӯби ҳуҷҷати мазкур лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва рушди устувори иқтисод маблағгузорӣ хоҳанд шуд.
Мӯҳр