Сӯхтгузорӣ ва амалиёти ҳастаӣ дар нерӯгоҳи атомии «Бушеҳр»-и Эрон ба поён расида, ин истешани барқӣ расман номи «нерӯгоҳи ҳастаӣ»-ро касб кард.
Дар ин бора хабаргузории «Форс»-и давлати исломӣ иттилоъ медиҳад. Бино ба қавли сарчашмаи маълумот, пас аз поёни сӯхтгузорӣ, нерӯгоҳ ба муддати ду ҳафта ба таври санҷишӣ кор мекунад ва баъд аз 60 рӯз аввалин киловатҳои барқ истеҳсол хоҳад шуд. Ҳамзамон, дар аввалҳои моҳи декабри соли гузашта низ эълом шуда буд, ки насби сӯхтгузорӣ дар нерӯгоҳ ба анҷом расида, чанд муддат дертар тавлиди барқ шурӯъ мегардад.Аммо бо баъзе аз мушкилоти фаннӣ ин тасмим ба дарозо кашида, ҳамакнун роҳандозӣ мегардад.
Мӯҳр