Сарвазири Русия Владимир Путин пешниҳод кардааст, то барои муҳоҷирини қонуншикан то ба 10 соли вуруд ва аз он ҳам бештар ба кишварашро мамнӯъ созанд.
Ин нуктаро Путин зимни сӯҳбат бо сардори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский пешниҳод намуда, тақозо намудааст, то тадобири дар мақолаи ахири худ дар рӯзномаи “Известия” пешниҳоднамудаашро ҳарчӣ зудтар дар амал татбиқ намоянд:
“ Пешниҳод карда мешавад, ки барои он муҳоҷирине, ки ба чанд бор қонуншиканӣ кардаанд ва аз тариқи суд аз кишвараш берун карда шудаанд, роҳ барои Русия барои аз 5 то 10 сол ва аз он ҳам зиёд баста шавад”, -гуфт Владимир Путин.
Константин Ромодоновский дар навбати худ пешниҳод намудааст, то барои кордиҳандагоне, ки ба муҳоҷирини ғайриқонунӣ кор ва ҷойи иқомат манзур мекунанд, то ба 5 сол муҷозоти маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ карда шавад.
Дар ҳамин ҳол коршиносони умури сиёсӣ иддао дорад, ки дар ҳоле тамоми раҳбарони аҳзоби сиёсии ин кишвар дар остонаи интихоботи порлумонӣ аз ин масъала сахт ба манофеашон истифода карда тавонистанд, номзад ба мақоми президенти ин кишвар Владимир Путин низ дар арафаи интихоботи президентӣ махсус ин тадобирро роҳандохӣ кардааст, то барои муваффақияташ дар интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ холҳои иловагӣ касб намояд.
Мӯҳр