Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷаи Туркия гуфтааст, ки Анқара иҷозат нахоҳад дод, НАТО аз хоки ин кишвар барои ҳамлаи низомӣ ба Эрон истифода кунад.
Ин суханони Довудоғлу дар ҳоле матраҳ мешаванд, ки Туркия худ узви НАТО мебошад. Ӯ рӯзи панҷшанбе 26/01/2012 дар ҳузури хабарнигорон дар пайи сафараш ба Маскав изҳор дошт, ки «Туркия ҳеч гоҳ иҷозаи истифода аз хоки худро надода, дар тамос бо кишварҳои хостори ворид кардани латма ба кишварҳои ҳамҷавори худ кор накарда аст ва муддатҳост, ки марзи Эрону Туркия марзи дӯстист ва чунин боқӣ хоҳад монд».
Ӯ ҳамчунин афзуд: «Мо дар чорчӯби НАТО ахиран бо шиддати бисёр зиёде бо иттихози тадобир алайҳи кишварҳои ҳамсояи Туркия мухолифат варзидаем ва корро ба ин шакл идома медиҳем».
Мӯҳр