Бо таваҷҷӯҳ ба ин Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар он сурат ифтитоҳи чунин намояндагиро ҷонибдорӣ мекунанд, ки он ба таъмини сулҳ мусоидат кунад: «Сулҳу субот дар Афғонстон бояд бо роҳи мусолиҳаи миллӣ ҳал гардад ва Толибон низ як ҷонибе мебошанд, ки бояд дар ин мусолиҳаи миллӣ ширкат варзанд».
Низомиддин Зоҳидов, мегӯяд воқеият ин аст, ки ҳузури НАТО ва Иттиҳоди Аврупо дар таъмини сулҳи Афғонистон хеле муассир аст ва мо набояд аз ин чашм бипӯшем. Ба боварии номбурда, аз ҳамин хотир ҳукумати Афғонистон силсилаи гуфтушунидҳо ва шартномаҳоро бо Иттиҳоди Аврупо дар садади ба имзо расонидан аст. Зоҳидов афзуд, имрӯз бо ифтитоҳи намояндагии «Толибон» як нишоние пайдо шудааст, ки метавон бо онҳо гуфтушунид ва мулоқот кард.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |