Ҷои таасуф дорад, ки мо як равонкови пӯё ва дақиқназаре надорем, то падидаҳои ҷомеаи моро аз назари ин илм арзёбӣ кунад. Беш аз ин худкамбинӣ ҳолати фарогир дар ҷомеа пайдо кардааст. Агар нафаре ё чанд тане натавонанд кореро анҷом диҳанд, ин маънои онро надорад, ки ҳамаи тоҷик он корро наметавонад анҷом диҳад. Нотавониву нокоромадии худро ба номи миллат задан таҳқири ин миллат аст.
Беш аз ин банда бар ин боварам, ки ин гуна эҳсоси худтаҳқирӣ ва худкамбиниро дар байни мардуми мо бегонагон ва душманони тоҷик ҷо кардаанд. Ман ба ҳеч ваҷҳ ҷонибдори ифтихороти сохта ва ғурури беасос нестам. Вале ба ҳеч ваҷҳ наметавонам бипазирам, ки ҳама нуқсу норасоӣ ба миллати ман рабт мегирад!
Як ҷиҳати дигари фоҷиабори худкамбинӣ ин аст, ки ҳечкораҳое худро дар авҷи қудрат мебинанду даст ба ҳар коре мезананд. Таври мисол бархе афроди дар ҷомеа аз бозии бади айём ба иқтидор расида ва соҳиби ҷойгоҳи иҷтимоӣ шуда чун мебинанд, ки дигарон дар наздаш эҳсоси худкамбинӣ доранд, эҳсоси худбешбинияшон авҷ мегирад.
Хоксорӣ шояд писандидатарин хислату вижагии инсони хирадманду хирадмадор бошад. Вале дар баробари афроде, ки медонӣ аз назари донишу ақлу фаросат аз ту садҳо зина поинтар аст ва ба ҳеч ваҷҳ арзишҳои волои ахлоқиро меъёр намешумораду ба онҳо арҷ намегузорад, хоксорӣ кардан агар ҷиноят нест, ҳатман гуноҳ аст. Ва агар ин амал реша дар падидаи худкамбинӣ дошта бошад ҳатман хиёнат ба асолату шарофати инсон аст.
Зикр кардам, ки дар ҷомеа худкамбинӣ дар ҳоли табдил шудан ба як падидаи фарогир аст. Воқеан ин амрро дар майдони сиёсат низ метавон ба мушоҳида нишаст ва амали аҳзоби сиёсӣ ва сиёсатмадорони зиёдеро нишони худкамбинӣ арзёбӣ намуд. Шояд дар хеле ҳолат онҳо иддао бикунанд, ки ин як монёври сиёсист. Шояд дар асл тарс ва ё заъфҳои дигаре вуҷуд дорад, ки онҳоро ба худкамбинӣ ва бечоранолӣ во медорад. Вале агар дар майдони сиёсӣ худро кам мебинанд пас бояд берун раванд. Ҳизби сиёсӣ фақат барои расидан ба ҳукумат таъсис мешавад. Ҳама гуна ҳадафу таърифҳои дигар асосӣ нестанд. Агар ҳизби сиёсие, ки даъвои ба ҳокимият омадан надорад, ҳизб нест. Худкамбинии ҳизб ва шахсияти сиёсӣ марги сиёсии он ҳизб ва он шахсият аст.
Албатта ҳадафи ман ҳеч ҳизб ё шахси сиёсӣ набуд. Фақат мехостам таъкиде дошта бошам, ки худкамбинӣ дар ҳама сатҳ фарогир шудаву ин ҳолат барои худбешбинии бархе замина фароҳам овардааст. Гузашта аз ин ҳама раванди мазкур оқибати фоҷиаборе барои миллат метавонад дошта бошад.{jathumbnail off}
Зафари Сӯфӣ
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |