Теъдоди муҳоҷирони тоҷикро дар Русия наздики ду миллион тахмин мезананд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ ин афрод солона ба кишвар аз 2,5 то 3 миллиард доллар мефиристанд, ки ба 4/3 ҳиссаи ММД-и кишвар баробар аст. Мақомоти Русия мегӯянд, аксари ин муҳоҷирон бидуни санади расмӣ ва асноди будубош кору зиндагӣ мекунанд. Муҳоҷирон бошанд изҳор медоранд, ки тартиби дарёфти ҳуҷҷатҳо барои ҳақи фаъолияту зиндагии муваққат дар Русия осон нест ва вақту маблағи зиёдеро талаб мекунад.
Аз ҳама муҳимаш партофтани хонавода, зану фарзанд, волидайни пир дар чорсӯи зиндагӣ ва ҳиҷрат ба ватане, ки туро ба ғайри «дубинка»-и пулису калтаки сартарошидаҳо ва таҳқири корфармо касеву чизе интизор нест ба кӣ мефорад? Ба назарам ба ҳеч кас. Аммо зиндагӣ маҷбур мекунад, ки биравӣ ва қути лоямути оиларо пайдо кунӣ. Ба ҳар навъу шевае, ки набошад…
Идомаи матлабро аз ин ҷо пайдо мекунед:
https://ozodagon.tj/s/item/16148
Мӯҳр