Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар асоси даъвои оилаи Тӯраҷонзодаҳо алайҳи раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ҷонибҳоро даъват кард ва пешниҳоди созишро ба миён гузошт.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон» гуфт, онҳо розӣ шудаанд, ки дар асоси иҷрои се шарташон аз ҷониби Саидмукаррам Абдуқодирзода аз даъво даст кашанд ва бо ӯ созиш кунанд:«Мо дар посух ба пешниҳоди суд гуфтем, ки ба сулҳ розӣ ҳастем, аз ин даъвобозиҳо худамон ҳам дар хиҷолатем, аммо дар асоси се шарт аз даъвоямон мегузарем. Шарти аввал, ин ки қароре, ки дар ҳаққи мо бароварданд, золимона буд. Мо шиъа нестем, вале моро шиъа гуфтанд. Ба ин хотир бояд Шӯрои уламо қарор барорад ва иқрор шавад, ки қарораш хато буд. Баъдан, масҷидро дубора боз кунанду намози ҷумъаро иҷоза диҳанд ва домуллоҳо сари корашон баргарданд.»
Дар ҳамин ҳол, раиси Шӯрои уламо аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ кард. Аммо вакили мудофеи оилаи Тӯраҷонзодаҳо Бузургмеҳр Ёров гуфт, ки тарафи ҷавобгар Саидмукаррам Абдуқодирзода дар посух ба пешниҳоди суд оид ба созиш изҳор доштааст, ки бо намояндагони Шӯрои уламо механизми бекор кардани қарорро меомӯзанд, ки чӣ хел бекор кардани он имкон дорад. Аммо дар масъалаи кушодани масҷид гуфтааст, ки ин кор умуман ба зиммаи онҳо нест ва ин ҳуқуқро ҳам надоранд.Бузургмеҳр Ёров иброз дошт, ки суд дар навбати худ гуфтааст, ки агар Шӯрои уламо қарори худро бекор карда тавонад, суд мусоидат мекунад, ки тезтар маҳдудияти фаъолияти масҷид (муддати се моҳ манъ шудани адои намози ҷумъа) аз байн равад ва дубора ба фаъолият оғоз кунад.
Дар муҳокимаи тарафҳо дар суди ноҳияи И.Сомонӣ аз оилаи Тӯраҷонзодаҳо Ҳоҷӣ Акбар ва эшони Нуриддин, аз Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода бо намояндагони ин шӯро ва ҳамчунин намояндагони Кумитаи дин низ ҳузур доштанд. Эшони Нуриддин дар сӯҳбат бо хабарнигорон чунин гуфт: « Сулҳро Худо дӯст медорад, вақте сулҳ шаваду масҷид боз гардад, мо ҳам ба созиш розӣ мешавем».
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабр дар баёнияе, ки онро хабаргузории «Ховар» ба нашр расонд, аз баргузории маросими азодории «Ошӯро» дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдомро шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба «тағйири мазҳаб" муттаҳам намуд. Сипас, оилаи Тӯраҷонзодаҳо барои тӯҳмат ва паст задани шаъну эътибори онҳо аз болои раиси Шӯрои уламо ба суди ноҳияи И.Сомонӣ шикоят бурданд.
Мӯҳр