Тавре масъулини Хадамот имрӯз дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорон изҳор доштанд, Кодекси андоз, ки ҳуҷҷати асосии соҳаи андозбандӣ аст, дар қатори супорандагони аксизи сефоиза операторони алоқаи мобилиро муайян кардаст ва интернетпровайдерҳо ба онҳо шомил намешаванд.
Сарфи назар аз даъвоҳои Кумитаи андоз, масъулини Хадамоти алоқа, ки яке аз зерсохторҳояш ба дастраскунии интернет машғул аст, таъкид карданд, ки нияти пардохти аксизи сефоизаро надоранд.
Ёдрас мекунем, ки Кумитаи андоз охири соли гузашта аз ширкатҳои дастраскунандаи интернет хостааст, аксизи сефоизаро пурра барои соли 2011 ҳисобӣ карда ба буҷет супоранд. Ширкатҳои дастраскунандаи интернет ин даъворо беасос хонда, дар баробари заъфи ҳуқуқӣ доштани ин иддао ҳушдор медиҳанд, ки имкон дорад дар паи татбиқи аксизи сефоиза, нархи дастрасӣ ба интернет афзоиш ёфта, шумораи истифодабарандагони интернет кам ва вазъи молиявии ширкатҳо бад гардад.
Мӯҳр
« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |