Бахшҳо

Шукурҷон Зуҳуров ба Муғулистон меравад. Бо даъвати Улан-Батор

Имрўз, 26 январ, райиси Маҷлиси намоянлагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сафири фавқулодда ва мухтори Муғулистон дар Тоҷикистон ҷаноби Аюрзан Хараавчро ба ҳузур пазируфт.


Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Муғулистон дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла густариш ёфтани равобити байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки соли ҷорӣ аз барқарории муносиботи дипломатӣ миёни ҷумҳуриҳои мо 20  сол сипарӣ мешавад ва мо бояд ин рўйдоди таърихиро ба таври сазовор истиқбол намоем.  Ҳарду ҷониб бояд ба раванди равобити тарафайн такони тоза бахшида, барои тақвияти ин ҳамкориҳо талош намоянд.
-Бо гузашти солҳо таҷрибаи қонунофарии вакилони парлумони ҶТ боз ҳам бойтар гардида, онҳо талош мекунанд, ки санадҳои ҷавобгўи меъёрҳои ҷаҳониро таҳия ва қабул кунанд, - гуфт Шукурҷон Зуҳуров. Ба муносиботи байнипарлумонии ду кишвар ишора карда, райиси МН афзуд, барои Тоҷикистон ва Муғулистон имконоти хеле зиёди ҳамкорӣ дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, илму маориф, кишоварзӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо вуҷуд дорад. Аз ин рў, парлумонҳои ҳарду кишварро лозим аст, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди чунин ҳамкориҳо иқдом намоянд.
Манбаъ афзуд, дар мулоқот қайд гардид, ки Тоҷикистон имконият дорад бо Муғулистон дар соҳаҳои энергетика, фарҳанг, чорводорӣ, канданиҳои фоиданок, коркарди пашм, меваю сабзавоти тару тоза ва чармгарӣ ҳамкории зич дошта бошад. Зуҳуров бо ишора ба сатҳи начандон назарраси ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистону Муғулистон таъкид дошт, ки байни ҳар ду кишвар чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, мутаассифона, ин қарордодҳои ҳамкорӣ то кунун мавриди иҷро қарор нагирифтаанд. Тайид гардид, ки кишвари Муғулистон дар истеҳсоли ангишт, гўшт ва дигар маҳсулоти саноатӣ таҷрибаи ғанӣ дорад ва истифодаи чунин таҷрибаи пешқадам барои ҳарду кишвар аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Сафири Муғулистон низ сатҳи равобити ду кишварро дар ҳоли рў ба рушд арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки ба ҳайси дипломат тамоми имконоти мавҷуди ҳамкорӣ миёни ду кишварро мавриди истифода қарор қарор хоҳад дод.Аюрзан Хараавч роҷеъ ба ҳамкориҳои байнипарлумонии миёни Тоҷикистону Муғулистон ибрози назар намуда, таъкид кард, ки дар парлумони кишвараш гурўҳи дўстӣ бо Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ташкил шудааст. Вай хостор шуд, ки парлумони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҳисоби вакилони худ гурўҳи дўстии байни Маҷлиси намояндагон ва парлумони Муғулистонро таъсис диҳад.
Ҳамчунин, дипломати хориҷӣ таъкид кард, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар Муғулистон Форуми иқтисодӣ ва намоишгоҳи дастовардҳои муосири ин кишвар баргузор мегардад. Дар ин росто аз райиси Маҷлиси намояндагон даъват шуд, ки дар рўзҳои баргузории ин чорабиниҳо ширкат намояд.  


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)