Қарзи вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби кишвар аз ширкати «Барқи тоҷик» ҳудуди 182 миллиониро ташкил медиҳад.
Абдулло Ёров, райиси ширкати «Барқи тоҷик», ки дар як нишасти хабарӣ сухан мегуфт, илова кард: «Дар маҷмӯъ қарзи дебитории ширкати мазкур 598,7 миллион сомонӣ ҳаст, ки аз ин шумора беш аз 276 миллион сомонишро қарзи аҳолӣ аз ҳисоби истифодаи нерӯи барқ ташкил медиҳад.
Ҳамчунин Абдулло Ёров гуфт, бо мақсади кам намудани қарзҳои дебиторӣ ва рӯёнидани маблағи энергияи барқ аз истифодабарандагон, ширкати «Барқи тоҷик» дар соли гузашта нисбати муштариён 3 ҳазору 210 даъво ба маблағи 67,9 миллион сомонӣ бо мақомотҳои судӣ пешниҳод намудааст. Ба қавли ӯ, аз маблағи умумии даъвоҳои пешниҳодшуда ҳамаги 26,5 миллион сомониаш пардохт шуда, боқимонда дар ҳаҷми 41,4 миллион сомонӣ ҳалли худро наёфтааст.
Мӯҳр