Муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баррасӣ гардиданд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКХ иттилоъ доданд, зимнан сафири ҶТ дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Низор бин Убайд Маданӣ мулоқот дошт. Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масоили рушду таҳкими минбаъдаи табодули назар карданд.
Гуфта мешавад, мусоҳибон аз кори омодагӣ ва ҳамоҳангсозии як қатор созишномаҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, инчунин перомуни манзури онҳо ба расмиёти имзогузорӣ дар шакли муносиб ҳавасмандӣ иброз карданд.
Ҳамчунин, дар мулоқот рӯйдодҳои дар олами араб баамаломада ва дурнамои ҳалли мусолиҳатомези низоъ дар Афғонистон баррасӣ шуданд. Дар ин робита, ҷонибҳо аҳамияти талошҳои ба бозсозии иҷтимоӣ-иқтисодии Афғонистон нигаронидашударо қайд сохтанд. Нақши бузурги кишварҳои ҳамсоя ва дӯст дар ин масъала махсус таъкид карда шуд. Дар ин росто, Вазири давлатӣ аҳамияти Панҷумин конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V)-ро, ки 26-27 марти соли равон дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, тазаккур дода, барои даъвати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар кори он арзи сипос гуфт.
Мӯҳр